Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб усулҳои расонидани ёрии аввалинро зимни офатҳои табиӣ нишон доданд
КӮЛОБ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Усулҳои расонидани ёрии аввалин ба худ ва дигарон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ҳамоиш кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, табибон ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки вобаста ба тағйирёбии иқлими сайёра дар аксар кишварҳои ҷаҳон обхезию заминҷубӣ, сӯхтори ҷангалзор, тӯфон ва дигар офатҳо рух дода, бар асари он садҳо нафар ба ҳалокат расида истодаанд. Вале аксари одамон ба ин ҳодисаҳо омода набуда, ба осебдидагон расонидани ёрии аввалинро намедонанд.
Дар ҳамоиши мазкур донишҷӯён дар мавзӯъҳои гуногун оид ба расонидани ёрии аввалин ба осебдидагон маърӯза намуда, баъдан онро ба таври амалӣ нишон доданд. Мақсад аз ташкили чунин ҳамоишҳо миёни донишҷӯён омода кардани онҳо ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Аъзои ҳакамон ба маърӯза ва амалҳои иҷронамудаи донишҷӯёни коллеҷ диққати ҷиддӣ дода, беҳтаринҳоро зимни нишон додани тарзи расонидани ёрӣ ҳангоми шикастани дасту пой, захмҳои бадан, аз ҳуш рафтан ва ғайра муайян карданд. Барои ҳавасмандгардонӣ ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳои муассиса супорида шуданд.
Қарор дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани донишу малакаи донишҷӯён чунин машғулият дар оянда низ гузаронида шавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






