Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Ҳисор кӯмак расонид

Декабрь 26, 2020 10:49

ДУШАНБЕ, 26.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ  роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷкистон  ба тарбиятгирандагони  Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, либос ва маҳсулоти лозимаи таълимию маишӣ, аз ҷумла компютер, принтер, 1 дона мошинаи ҷомашӯйӣ, фурӯзонакҳо ва 1000 дона ниқоби яккаратаи тиббӣ  ва туҳфаҳои солинавӣ  кумак расонид.

Тавре аз  Донишгоҳи миллӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода  туҳфаҳоро ба тарбиятгирандагон расонида, онҳоро бо фарорасии Соли нав табрик намуда, таъкид кард, ки хонандагон бояд бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ соли навро пешвоз гиранд.

Директори  Мактаб-интернат Бибиҳаво Шарофова ба роҳбарияти донишгоҳ  изҳори миннатдорӣ намуда, зикр  кард, ки  дар  ҷашну маросимҳо пайваста ба ин таълимгоҳи низомаш махсус  аз ҷониби Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва хусусан муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат кумак расонида мешавад.

Декабрь 26, 2020 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд