Фаъолияти муваффақонаи «Равзанаи ягона»: Беш аз 1100 нафар истифодабарандагон ба қайд гирифта шудаанд

Декабрь 15, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 декабри соли равон  дар низоми “Равзанаи ягона” беш аз 1100 нафар истифодабарандагон ба қайд гирифта шуда, аз тарафи онҳо ба мақомоти ба низом шомилшуда 7500 адад дархостҳои шаклашон ягона ирсол гардидаанд. Дар натиҷаи баррасӣ 4664 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба субъектҳои хоҷагидор тариқи электронӣ пешниҳод шудаанд.

Бо назардошти баъзе мушкилоти ҷойдошта низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол ба таври расмӣ  ҷорӣ гардида буд, муваффақона фаъолият менамояд.

Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук баён гардид.

Аз Хадамоти  гумруки  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мавриди истифода қарор гирифтани низоми «Равзанаи ягона»- гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳои расмӣ қадами навбатӣ барои тақвияти татбиқи ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти марбут ба танзими савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ маҳсуб шуда, ба зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва беҳсозии фазои соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Декабрь 15, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд