Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов дар Фестивали байналмилалии «Падарон ва фарзандон» сазовори се ҷоиза гардид

Декабрь 7, 2020 09:57

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ«-и коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов, ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, дар Фестивали байналмилалии «Падарон ва фарзандон» дар шаҳри Орёли Россия сазовори се ҷоиза шуд, хабар дод Румӣ Шоазимов ба АМИТ «Ховар».

Коргардон Румӣ Шоазимов бо ҷоизаи махсуси ҳакамон — «Умеди наслҳо», ҳунарпеша Рафоат Шоазимова, ки нақши асосиро бозидааст, бо ҷоизаи ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин ва оҳангсоз Иқбол Завқибеков барои мусиқии барои филм навишта бо унвони лауреати дараҷаи 1 қадрдонӣ шуданд.

«Филми мо барои барномаи озмунӣ дар Фестивали байналмилалии филмҳо «Asti Film Festival» дар Италия, ки то моҳи январи соли 2021 мавқуф гузошта шудааст, интихоб шуда буд. Дар ин озмун 11 филми мукаммали кишварҳои мухталиф ширкат хоҳанд кард. Илова бар ин, филм дар барномаи озмунӣ дар Фестивали  байналмилалии «DIORAMA International Film Festival», ки аз 18 декабри соли 2020 то 1 январи соли 2021 дар Ҳиндустон баргузор мешавад, намоиш дода хоҳад шуд», — зикр намуд коргардони ҷавони тоҷик.

Қаблан филми «Хаёлпарастони музофотӣ» дар Фестивали  байналмилалии Леонид Хромов сазовори ҷоизаи «Кашфи сол» шуда буд.

Декабрь 7, 2020 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад