Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов дар Фестивали байналмилалии «Падарон ва фарзандон» сазовори се ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ«-и коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов, ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, дар Фестивали байналмилалии «Падарон ва фарзандон» дар шаҳри Орёли Россия сазовори се ҷоиза шуд, хабар дод Румӣ Шоазимов ба АМИТ «Ховар».
Коргардон Румӣ Шоазимов бо ҷоизаи махсуси ҳакамон — «Умеди наслҳо», ҳунарпеша Рафоат Шоазимова, ки нақши асосиро бозидааст, бо ҷоизаи ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин ва оҳангсоз Иқбол Завқибеков барои мусиқии барои филм навишта бо унвони лауреати дараҷаи 1 қадрдонӣ шуданд.
«Филми мо барои барномаи озмунӣ дар Фестивали байналмилалии филмҳо «Asti Film Festival» дар Италия, ки то моҳи январи соли 2021 мавқуф гузошта шудааст, интихоб шуда буд. Дар ин озмун 11 филми мукаммали кишварҳои мухталиф ширкат хоҳанд кард. Илова бар ин, филм дар барномаи озмунӣ дар Фестивали байналмилалии «DIORAMA International Film Festival», ки аз 18 декабри соли 2020 то 1 январи соли 2021 дар Ҳиндустон баргузор мешавад, намоиш дода хоҳад шуд», — зикр намуд коргардони ҷавони тоҷик.
Қаблан филми «Хаёлпарастони музофотӣ» дар Фестивали байналмилалии Леонид Хромов сазовори ҷоизаи «Кашфи сол» шуда буд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






