Филми «Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос» дар кинофестивали байналмилалӣ иштирок мекунад

Декабрь 12, 2020 08:56

ДУШАНБЕ, 12.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Филми мустанади «Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос» моҳи январи соли 2021 дар озмуни филмҳои маънавию ахлоқии XIX кинофестивали  байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш иштирок мекунад. Дар ин бора коргардони филм Шарофат Арабова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Кинофестивали мазкур яке аз калонтарин ҳамоишҳои кинои Бангладеш ба ҳисоб меравад.

Филми мазкур дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо коргардонии Шарофат Арабова таҳия гардидааст. Ин филм ёддоштҳо ва нигоштаҳое дар роҳанд, ки баҳори  соли 2019 дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Бохтар ва Ҳисор чун филми мушоҳидаҳо ва андешаҳои муаллиф оид ба сарчашмаҳои фарҳанги маънавии тоҷикон ба навор гирифта шудааст.

Тавре коргардон Шарофат Арабова дар суҳбат иброз намуд, дар филми мазкур мусиқии класикии тоҷик «Шашмақом», аз ҷумла мақомҳои «Рост» ва «Наво», ки сохторашон тамсилан ба роҳ монанд аст, истифода мешаванд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар озмуни филмҳои маънавию ахлоқии XIX кинофестивали  байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш филми «Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос» ба таври онлайн иштирок хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки филми мустанад инчунин дар озмуни байналмилаии филмҳои баланди мустанад дар кинофестивали байналмилалии «Дидор» соли 2019 низ иштирок намуд.

Декабрь 12, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад