ФУТБОЛ. Дастаҳои «Меҳргон», «Динамо», «Пахтакор» ва «Кӯшон» ба Лигаи якуми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

Декабрь 1, 2020 09:01

ДУШАНБЕ, 01.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳҳои мамлакат  мусобиқа байни дастаҳои Лигаи дуюми Тоҷикистон   ба охир расиданд. Дастаи футболи «Динамо»-и пойтахт дар шаҳри Душанбе, дастаи «Пахтакор» аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​дар вилотяи Суғд, дастаи «Кӯшон» -и ноҳияи Кӯшониён дар вилояти Хатлон ва дастаи «Меҳргон» -и ноҳияи Нуробод дар минтақаи Рашт ғолиб шуданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи низомномаи мусобиқа, байни дастаҳои Лигаи дуюми мамлакат  ғолибони мусобиқаҳои минтақавӣ бояд дар марҳилаи ниҳоӣ рақобат карда, се дастаеро муайян мекарданд, ки соли оянда ҳуқуқи дар Лигаи якуми Тоҷикистон иштирок намудан доранд. Аммо бо сабабҳои хуруҷи пандемияи коронавирус ва мушкилоти молиявии дастаҳо Шӯрои Кумитаи иҷроияи ФФТ қарор кард, ки ҳар чор дастаҳо – «Динамо», «Пахтакор», «Кӯшон»  ва «Меҳргон»  дар сурати гузаштан аз тартиби литсензиякунонӣ ҳақ доранд соли оянда дар Лигаи якуми мамлакат иштирок намоянд.

Декабрь 1, 2020 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт