ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони эронии худ бозиҳои дӯстона доир менамояд

Декабрь 22, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23 ва 26 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби  наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи   мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони эронии хеш оғоз кард. Барои ҷамъомади таълимӣ, ки дар шаҳри  Душанбе баргузор мешавад, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон   Аҳлиддин Турдиев 22 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардааст.

Ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бо   дастаи  мунтахаби   Эрон:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (РШВСМ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Бозиҳои дӯстона

23 декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

26 декабр (шанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Декабрь 22, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд