ФУТБОЛ. Сармураббии дастаи «Истиқлол» Виталий Левченко соҳиби ҷоиза шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон-Ширкати байналмилалии букмекерии «Parimatch» беҳтаринҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои инфиродӣ дар мавсими 2020-и Лигаи олӣ муайян месозад. Аз рӯи фарзияи «Parimatch» сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Виталий Левченко, ки дастаро дар ин мавсим чемпиони Лигаи олӣ намуд, беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Қаблан ширкати байналмилалии букмекерии «Parimatch» бозингари дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан Илҳом Баротовро беҳтарин футболбози мавсим ва дарвозабони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимовро беҳтарин дарвозабон муайян кард.
Ҳамчунин муҳофизатгари украинии дастаи «Истиқлол» Алексей Ларин беҳтарин муҳофизатгар, бозингари шинохтаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин ниммуҳофизатгар ва ҳамлавари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин ҳамлавари Лигаи миллӣ аз рӯи фарзияи «Parimatch» дониста шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






