Гулнора Ҳасанзода ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳидоятҳои Президенти мамлакат, аз ҷумла сарфаи неруи барқро расонид

Декабрь 18, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15   декабри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода барои расонидани арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сафари корӣ баромад.

Аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни сафари корӣ Директори Агентии омор аз иншооти сохташуда-Муассисаи таълимии томактабии «Файзбахш», Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва  ниҳолшинонӣ дар роҳи марказии ноҳия шинос гардид.

Ҳамзамон Гулнора Ҳасанзода бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои сӯхтор ва худдорӣ аз истифодаи таҷҳизоти барқии серхароҷот, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқаворӣ, вазъи беҳдошт ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодии тамоми соҳаҳои ноҳия, иҷрои пурра ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуда, муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо шарҳ дод.

Сафари кории гурӯҳ ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд идома дорад.

Декабрь 18, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд