ХДО-и шаҳри Ваҳдат ошкор кард: баъзе соҳибкорон қувваи барқро бе ҳисобкунак ва аз таҷҳизоти гармидиҳандаи худсохт истифода мебурдаанд

Декабрь 21, 2020 11:28

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, масрафшавии беҳуда ва истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат се ҳолати масрафшавии барзиёду истифодаи ғайриқонунии қувваи барқро муайян намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Санҷиш нишон дод, ки дар баъзе нуқтаҳои тез-тайёр ва дӯконҳои савдои канори роҳ дар баробари риоя нашудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин ба масрафшавии барзиёду истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ роҳ дода мешавад. Аз ҷумла, дар нуқтаи савдои  либос соҳибкор Миҷгона Ҳусейнова қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ ва ба кор бурдани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ истифода менамояд. Фурӯшандаи ҷуворипақак (попкорн) Юсуф Фатҳуллоев низ аз асбоби барқии ҷуворимаккапазӣ бе ҳисобкунаки барқӣ истифода менамудааст.

Ба ҳамин монанд, савдогари дигар Маҳмадсолеҳ Шарипов аз сутуни барқӣ ноқил кашида, бе ҳисобкунаки барқӣ аз асбоби барқии ҷуворимаккапазӣ дар роҳрав ба савдои кӯчагӣ машғул шудааст.

Бо сабаби камбудиҳои ошкоргардида аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат нисбат ба қоидавайронкунандагон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, қарор дар бораи боздоштани фаъолияти онҳо бароварда шуд.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва масрафшавии беҳудаву истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат дар муассисаву иншооти мухталиф ва маҳаллаҳои аҳолинишину хонаҳои истиқоматии баландошёна бо кормандони касбу кори гуногун ва шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуда истодаанд.

Зимни ин гуна мулоқот аввалан минатдории Сарвари давлат ба шаҳрвандон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаштани маъракаҳои интихоботи вакилон ба Парлумон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

Сипас оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии масрафшавии беҳудаву тасарруфи қувваи барқ бо онҳо корҳои дастурдиҳӣ-фаҳмондадиҳӣ бурда, китобу буклетҳо ва варақаҳои тавсиявӣ-ҳушдордиҳӣ, ки Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ омода намудааст, тақсим менамоянд.

Ин гуна суҳбати мақсаднок аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, маҳаллаҳои аҳолинишин, инчунин бо сокинони биноҳои баландошёнаи кӯчаҳои Туғрал ва Салимзода гузаронида шуда, зимни он ба иштирокдорон  шумораи зиёди китобу буклет ва варақаҳои тавсиявӣ тақсим карда шуданд.

Декабрь 21, 2020 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод