Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад

Август 1, 2023 09:53

ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян    ва кам намудани талафоти  технологӣ дар  доираи лоти 1-и лоиҳаи «Ҷорӣ намудани  ҳисобкунии яклухти  таҳвили барқ ва  беҳтар гардонидани низоми  интиқоли барқ» шуруъ аз оғози корҳо  то ба имрӯз 1736 ҳисобкунаки муосири  электронӣ  ба барномаи АСКУЭ* пайваст шуда, корҳо дар доираи ин лоиҳа  дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Далер Ҷумъа 31 июл зимни нишасти матбуотӣ ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Бо мақсади баланд бардоштани  самаранокии низоми  истифодаи  неруи барқ  ва кам намудани талафот дар шаҳру навоҳии мамлакат  амалӣ намудани  низоми  билингии назорати   неруи барқ  зарурӣ арзёбӣ гардида, дар ин самт Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат тадбирҳои муҳим  андешида истодааст.

Дар айни замон  татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти  неруи барқ дар вилояти Хатлон»,  шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар  ба маблағи  36,1 миллион  евро, Лоиҳаи рушди  соҳаи энергетика  (кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент,  Истаравшан, Исфара, Конибодом,  Бӯстон ва  ноҳияи Данғара») ба маблағи 95 миллион доллари  амрикоӣ  ва лоиҳаи кам намудани  талафоти неруи барқ  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо маблағгузории шарики хусусӣ- Ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ба маблағи  44,7 миллион доллари амрикоӣ идома дорад.

Вазир афзуд, ки дар доираи  лоиҳаҳои мазкур  насби беш аз 600 ҳазор  ҳисобкунаки интелектуалӣ, низоми муосири ҳисоби  неруи барқ   ва дигар корҳо, ки ба кам кардани талафоти неруи барқ  иртибот доранд,  ба нақша гирифта шудааст. Насби чунин таҷҳизот  барои боз ҳам паст намудани  талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани низоми электронии  идоракунии истифодаи  неруи барқ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани самаранокии  энергетикӣ  дар иншооти иҷтимоию иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

_____________________

АСКУЭ*-  Низоми автоматикунонидаи ҳисоби тиҷоратии неруи барқ

Август 1, 2023 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад