Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст

Ноябрь 9, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат  ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ барои таҳияи «Гузориши мамлакат оид ба иқлим ва рушд» ба Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дархост манзур намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳисоботи ҷумҳурӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва рушди Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба иқтисодиёти мамлакат  неруи тоза бахшида, ҷойҳои нави кор таъсис дода шаванд. Дар баробари ин, аҳолии ҷумҳурӣ  аз хавфҳои афзоишёбандаи ҳодисаҳои ғайриодии боду ҳаво, ки тағйирёбии иқлим боиси ба вуҷуд омадани онҳо мегардад, муҳофизат мешавад.

Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат таҳлили таъсири тағйирёбии иқлим ва декарбонизатсияи глобалӣ ба раванди рушди Тоҷикистон буда, дар он самтҳои афзалиятнок барои эҷоди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмики декарбонизатсия барои беҳтар намудани натиҷаҳои рушд муайян гардидаанд.

Инчунин ин санад тавсияҳоро барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешбурди технологияҳои инноватсионӣ ва эҷоди ҷойҳои кории «сабз»-ро дар баробари коҳиш додани сатҳи осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим пешкаш менамояд. Гузориши ҷумҳурӣ оид ба иқлим ва рушд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъоварӣ ва тавсеаи заминаи далелҳо барои муайян кардани имконияти коҳиши карбон ва рушди устувор мусоидат менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаи ислоҳоти иқтисодиёти мамлакатро дар асоси гузариш ба технологияҳои «сабз» таҳия намудааст. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки он метавонад ба таъмини пайроҳаи устувори рушд  мусоидат намояд.

Барои ба даст овардани манфиатҳои назарраси иқтисодӣ барои мамлакат ва минтақа дар маҷмуъ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии партовҳои гази карбон дар шабакаҳои электроэнергетикии Осиёи Марказӣ барномаи иловагии ислоҳот зарур аст. Ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ барои муваффақияти гузариши «сабз» ва таъмини амнияти захираҳои об, озуқаворӣ ва энергетикӣ, рушди иқтисоди дорои сатҳи пасти гази карбон аҳамияти калидӣ дошта, метавонад бо истифодаи стратегияҳои муассири мубориза бо тағйирёбии иқлим ба болоравии сатҳи содирот, таъсиси ҷойҳои кор ва ҳифзи гурӯҳи осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»
Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»
Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин
Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид