Истифодаи неруи барқ «воҷиб»-у пардохти ҳаққи истифодаи он «макрӯҳ»? Набояд чунин бошад!
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар заминаи ҷорӣ шудани маҳдудият дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқ номи ШСХК “Барқи Тоҷик” аз нав вирди забонҳо шуд. Тавре аз матолиби расонаҳо бармеояд, масъулини ширкати мавриди назар икдоми мазкурро ба таъмиру таҷдид ва то 17 метр кам гардидани оби обанбори “Норак” рабт доданд. Дар ин бора мулоҳизаҳои коршиноси мо, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер МЕРГАНОВ манзури хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» гардонида мешавад.
Сарфи назар аз ин, тибқи “анъана” масъалаи мазкур аз ҷониби нотавонбинони миллат ва давлат суиистифодаву таҳриф шуд. Ин қабил, ки аслан мушкилоти мардум барояшон як фулус арзиш надораду ҳадаф аз дилхоҳ “ибтикор”-ашон “дарди кампир ғӯза аст”, масъаларо то ҳадди иғроқ махлут карданд.
Бо афсонапардозӣ вобаста ба воқеияти таъмиру таҷдид нодида гирифтанд, ки аксар неругоҳҳои мамлакат, аз ҷумла НБО-и «Норак» зиёда аз 40 сол аст, ки фаъолият дорад ва новобаста аз фасли сол зарурати таҷдид ва иваз намудани қисмати зиёди таҷҳизоту дастгоҳҳои онҳо фаро расидааст. Ин иқдом, ки воқеияташро “дилсӯзони” мардум зери суол бурданианд, марҳилаи нави фаъолияти низоми энергетикиро оғоз бахшида, шароит фароҳам меорад, ки саҳми он дар таъмини аҳолии мамлакат бо неруи барқ муассиртар шавад.
Андешарониву машваратдиҳии ашхоси мавриди назар далели он аст, ки, ба қавли Бадриддин Ҳилолӣ “ё одам нестанд ё аз ин олам нестанд”. Вагарна дарк мекарданд, ки камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 боис гардид, ки оби обанбори “Норак” хеле кам гардад. Агар сохторҳои марбута дар робита ба ҳолати баамаломада бетаъхир тадбирандешӣ намекарданд, пайомади ногувор ба бор меовард. Бетафовутии ин қабил ба ин ҷанба бесабаб нест, зеро ҳавасманданд, ки вазъият печидатар шавад, то “обро лой карда, моҳӣ гиранд”. Хушбахтона, ин навбат низ тирашон хок хӯрд, маҳдудият аз байн рафту рӯсиёҳии онҳо монд…
Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳшавии вазъи соҳа ибтикори зиёде амалӣ намуда, ин раванд муттасил мебошад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ зикр шуд, “ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст”.
Шоҳид будем, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даромада, соли гузашта таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардид. Татбиқи чунин лоиҳа дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Навгонии дигар он аст, ки соли 2021 таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд мешавад.
Бар замми ибтикори зикршуда, кор барои оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома дорад. Ба иҷрои ин мақсад Ҳукумат беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатиро равона менамояд ва ният ҳаст, ки ин иншооти муҳимро соли 2022 ба истифода супоранд.
Мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ барои рушди дилхоҳ соҳа омили зарурӣ маҳсуб шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми корфармоии таҷҳизоти барқии истеъмолкунандагон» (ПТБ), ГОСТ 13109-91 «Меъёрҳои сифати энергияи барқӣ дар системаҳои барқрасонии таъиноти умумӣ», ҲР ҶТ (Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) 50-014-2004 «Номгӯи маҳакҳо ва воситаҳои ченкунии корие, ки санҷиши давлатиашон ҳатмист» ва дигар қоидаву меъёрҳо ба беҳбуд ёфтани вазъи соҳа нигаронида шудаанд.
Сафсатапароканӣ барои ин тоифа пеша гаштааст. Ғашашон омад, ки Тоҷикистон аҳолияшро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодааст. Агар мунсифона масъаларо пайгирӣ ва барррасӣ мекарданд, яқин хулосаашон дигар мешуд.
Шояд он вақт огоҳ мешуданд, ки то соли 1991 ҳамасола зиёда аз 17,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол мегашт, ки ба ҳар сари аҳолӣ тахминан 3500 кВт соат рост меомад. Бино ба иттилои аз ШСХК “Барқи Тоҷик” дастрасшуда, амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 1,3 баробар афзоиш ёбад.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ истифодаи неруи барқ ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол аз 6000 то 27000 кВт соат, дар давлатҳои қитъаи Осиё (Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин) аз 390 то 820 кВт соат ва қитъаи Африка (Бенин ва Малавӣ) аз 50 то 100 кВт соатро ташкил медиҳад. Мавриди ёдоварист, ки дар олам 2 миллиард нафар аз истифодаи барқ пурра маҳруманд.
Нотавонбинон дар робита ба масъалаи мазкур бидуни далел сухан мегӯянд. Табиист, ки иддаои бе далел моҳиятан ҳазён аст. Дар қиболи суханони аз ҳақиқат фарсахҳо дури ин тоифа истифодаи захираи гидроэнергетикиро дар кишварҳои олам мавриди қиёс қарор додан бамаврид аст. Ин нишондиҳанда дар ИМА ва Канада – 65 фоиз, Япония -90 фоиз, Италия, Франсия ва Швейтсария –98 фоиз, Ҷумҳурии Федеративии Германия– 86 фоиз, Финландия -74 фоиз, Федератсияи Россия – 26 фоизро ташкил медиҳад. Нуктаи муҳим он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда ҳамагӣ 6 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шавем, ки соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбати ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор карда буданд, ки “баҳри истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешад”. Дар заминаи таҳлили вазъи кунунӣ метавон гуфт, ки ин тадбирҳои андешида самар оварданд…
Эътироф бояд кард, ки талафоти неруи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ нашудани маблағи истифодаи он ҳамоно мушкилоти рақами як бокӣ монда, чунин ба назар мерасад, ки роҳбарони ниҳод дар ҳалли онҳо оҷизанд. Бо назардошти ҳолати баамаломада созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд чандин маротиба ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар ширкати мавриди назар ислоҳоти сохторӣ амалӣ намояд. Чанде пеш ин ислоҳот амалӣ шуд.
Дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ШСХК «Барқи Тоҷик» дастур дода буданд, ки «сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони Раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб, ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии неруи барқ аз миён бардошта шавад».
Саркардаи нотавонбинон, ки бо нигаронӣ аз ҷоришавии маҳдудияти интиқоли неруи барқ мардумро “таҳрик” доданист, чаро дар мавриди риояи тавозун (манзур: пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ) ва тамоюли бесобиқаи афзоишро касб намудани истифодаи он аз ҷониби аҳолӣ чизе намегӯяд? Агар сохторҳои зиддахл бо риояи принсипҳои инсондӯстӣ рафтор намекарданд, он гоҳ теъдоди зиёди шаҳрвандон ва қисмате аз корхонаҳо бинобар қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ маҳрум мешуданд. “Фаришта”-ҳо, ки ҳоло дар “Аврупо “мечаранд”, ин ҷиҳати масъаларо хубтар медонанд…
Зиёд мешунавем, ки аксарият аз ШСХК «Барқи Тоҷик» ва зерсохторҳои он шиква мекунанд. Вале боре ба худ савол намедиҳанд, ки оё онҳо муштарии бовиҷдонанд ва уҳдадориҳои хешро вобаста ба пардохти саривақтии маблағи истифодаи неруи барқ ба ҷой меоранд? Муътақидам аксарият дар посухи ин суол хомӯшӣ ихтиёр мекунанд, зеро масъулиятшиносии онон дар ин самт «бо ҳар ду по мелангад».
Дар робита ба ин таъсиси Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ муҳиму саривақтист.
Дар машварати корие, ки 15 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карданд, масъулин барои таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ муваззаф гардиданд.
Таъкид гардид, ки “вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд”.
Пешвои миллат барҳақу бамаврид ҳушдор доданд, ки “ҳарчанд ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд”.
Ба андешаи инҷониб, нисбатан сахт набудани муҷозот боис гардидааст, ки як идда дуздии неруи барқро мисли китобдуздӣ «савоб» медонанд. Мутаассифона, баъзе кормандони шабакаҳои барқ минҳайси «роҳнамо», бо пардохти маблағи дар муқоиса ба арзиши аслии неруи барқи истифодашуда ночиз дар раванд ширкат намуда, ба номи кормандони соҳа иснод овардаанд. Ин аст, ки баъзе шаҳрвандон кўшиш ба харҷ медиҳанд бо ин “роҳ” аз пардохти маблағи истифодаи ин муъҷиза эмин монанд.
Ёдрас шудан бамаврид аст, ки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, Федератсияи Россия дар робита ба сахттар намудани ҷазо барои дуздии неруи барқ қонунҳои алоҳида қабул ва ҷонибдорӣ шудаанд. Барои мисол, дар Россия барои дуздии неруи барқ ҷарима — аз 100 то 500 ҳазор рубли русӣ ё то панҷ сол корҳои ислоҳӣ ва ё то 6 сол маҳрумият аз озодӣ бо ҷаримаи то 80 ҳазор рубл таъйин мешавад.
Ба назари камина зарур ва ногузир аст, ки ҳар шахс аз рўи виҷдон ба ин масъала муносибат намояд. Дар кишварҳои хориҷӣ сари вақт ва пурра пардохт намудани ҳаққи истифодаи неруи барқ ва хизматрасониҳои коммуналӣ барои шаҳрвандон қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ маҳсуб мешавад. Зеро онҳо хуб дарк намудаанд, ки дар сурати аз ҷониби истифодабарандагон сари вақт пардохт нашудани ин маблағ хизматрасонӣ ба мушкил мувоҷеҳ мегардад.
Зарур аст дар навбати аввал ҳисси масъулиятшиносиамонро бидуни муқаррар шудани муҷозот баланд бардошта, бо ин роҳ миллати соҳибтамаддун буданамонро бори дигар ба намоиш гузорем. Зеро ҷорӣ намудан ва тақвият бахшидани муҷозот чораи истисноӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум тариқи роҳҳои маъмул муҳимияти масъаларо дарк накардаанд
Бо назардошти нукоти зикршуда ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест, ки истифодаи неруи барқ «воҷиб»-у пардохти ҳаққи истифодаи он «макрӯҳ» бошад.
Биноан, моро мебояд дар ҳамовозӣ ба иқдомоти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишуда, ки бунёди неругоҳҳои зиёди хурду бузурги барқи обӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, таъмиру бунёди инфрасохтори соҳа, роиҷ гардидани истифодаи лампаҳои каммасраф аз ҳамон ҷумлаанд, беш аз пеш масъулиятшиносу ташаббускор бошем.
Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи «Садои мардум»