«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Норвегия тасмим гирифтааст, ки то соли 2025 истифодаи нақлиёти бо муҳаррикҳои дарунсӯз ҳаракаткунандаро комилан қатъ намуда, пурра ба нақлиёти барқӣ гузарад. Ин дар ҳолест, ки бозори нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбист. Далели ин тасдиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» аз ҷониби ҳукумати кишвар мебошад.
Таҳияи ин санад зимни Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат моҳи декабри соли 2021 супориш шуда буд ва он аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат таҳия шудааст.
Ҳадафи барнома- фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди нақлиёти барқӣ ҳамчун нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза, бунёди инфрасохтор ҷиҳати таъмини барқ ва хизматрасонии техникӣ, коркарди технологияи безаргардонии аккумуляторҳо, инчунин таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои ташкили заминаи моддию техникӣ ҷиҳати истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои алоҳидаи он мебошад.
Мошинҳои барқӣ чӣ афзалият доранд?
Тавре дар суҳбат бо мо мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Содиқҷон Нуралихонзода зикр намуд, “барнома афзоиши ҳиссаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз лиҳози энергетикӣ самаранок, ноил шудан ва нигоҳ доштани истеҳсолоти ватаниро дар сатҳи аналогҳои ҷаҳонӣ дар коркард ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқии сабукрав ва тиҷоратӣ, ки бо қувваи кашиши барқӣ таъминанд ва инчунин содироти онҳоро ба хориҷи кишвар фаро мегирад.
Мавсуф афзуд, ки самаранокии энергетикӣ, коҳиши газҳои гулхонаӣ, партовҳои зараровар, ифлосшавии ҳаво дар шароити глобалии тағйирёбии иқлим, беҳтар шудани муҳити шаҳр ва бехатарии роҳ аз ҷумлаи афзалияти нақлиёти барқӣ мебошанд. Дар доираи татбиқи барнома таъмини ҳаракати устувор ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба хизматрасониҳои рақобатпазир ва самараноки нақлиёт, аз ҷумла тавассути зиёд намудани ҳиссаи нақлиёти мусофирбар бо истифода аз нақлиёти барқӣ таъмин мегардад.
Барнома дар доираи амалӣ намудани Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 амалӣ гардида, дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои азнавкунии парки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст. Бо татбиқи ин барнома ҳиссаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар парки умумии воситаҳои нақлиёт афзуда, қисмати назарраси онро мошинҳои сабукрави барқӣ ташкил хоҳанд дод, афзуд Нуралихонзода.
Электромобил — тамоюли пешрафти илм ва техника
Дар ҷаҳони муосири босуръат тағйирёбанда истеҳсол ва истифодаи нақлиёти барқӣ тамоюли пешрафти илм ва техника буда, бартарии истифодаи нақлиёти барқӣ дар қиёс бо воситаҳои нақлиёти бо муҳаррикҳои дарунсӯз ҳаракаткунанда баръало дида мешавад.
Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои гидроэнергетикист, ин омил барои рушди парки нақлиёти барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сарфаи сӯзишворӣ ҷолиб арзёбӣ гардида, дар доираи татбиқи он таъмини устувор ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба хизматрасонии рақобатпазир, зиёд намудани ҳиссаи нақлиёти мусофирбар бо истифода аз мошинҳои барқӣ ба инобат гирифта шудааст.
Дар нақшаи амалиёти «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028» самтҳои асосии рушди нақлиёти барқӣ, аз ҷумла ташкили шароити мусоид ва инфрасохтори махсус -таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқ ва ҷамъоварии аккумуляторҳои барқӣ, ташкили заминаи истеҳсолӣ-технологӣ-бунёди корхонаҳои истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои асосии он пурра инъикос ёфта, механизми маблағгузории истеҳсоли нақлиёти автомобилии барқӣ, инчунин қисмҳои таркибии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, донорҳо ва бахши хусусӣ муайян гардидааст.
То соли 2030 — 116 миллион адад
Истеҳсол ва истифодаи нақлиёти барқӣ яке аз тамоюлҳои муосирест, ки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ бехатар равона шудааст.
Бозори нақлиёти барқӣ минбаъд бо назардошти поён рафтани нархи аккумуляторҳои батареягӣ афзоиш ёфта, тахмин меравад, ки соли 2030 парки воситаҳои автомобилҳои барқӣ дар ҷаҳон 116 миллион ададро ташкил диҳад, ки ин ба 8 фоизи парки нақлиёти автомобилии ҷаҳон (1,4 миллиард адад) рост меояд.
Аврупо аз автомобилҳои дорои муҳаррики дарунсӯз даст мекашад
Тибқи иттилои Агентии байналмилалии энергетикӣ, ҳиссаи нақлиёти барқӣ дар шумораи умумии қайди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир тақрибан 2,8 фоиз (мутаносибан 108 630, 61 350 ва 75 140 адад), Шветсия 11,4 фоиз (40700 адад), Голландия 15,1 фоиз (67520 адад)-ро ташкил медиҳад. Норвегия пешсаф буда, 60% шумораи умумии воситаҳои нақлиётро мошинҳои барқӣ -79 640 адад ташкил медиҳанд.
Ҳукумати ин кишвар ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2025 истифодаи нақлиёти бо муҳаррикҳои дарунсӯз ҳаракаткунандаро пурра қатъ намояд. Дар бисёр кишварҳои рушдкарда нисфи ҳиссаи ҳаҷми мусофирбарӣ ба нақлиёти барқӣ — мошинҳои барқӣ, трамвай, троллейбус, метро, поездҳои барқӣ рост меояд.
Нақлиёти барқӣ ба иқлими Тоҷикистон мусоид аст
Гузариши соҳаи нақлиёт ба барқикунонӣ вазифаи таъхирнопазир буда, бояд ояндаи наздик ҳал гардад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ва офтобӣ дорои иқтидори бузурги манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз- гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ барои рушди парки нақлиёти барқии аз лиҳози экологӣ тоза ва сарфаи сӯзишворӣ ҷолиб аст.
Дар айни замон 98% фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ /НБО/ истеҳсол мешавад. Ин нишондиҳанда аз нуқтаи назари саҳми минтақавӣ оид ба коҳиши партовҳои гази карбон ба атмосфера хеле муҳим аст. Истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқароршаванда, бахусус НБО арзонтарин маҳсуб мешавад. Ин омил имкон медиҳад, ки барои барқикунонии соҳаи нақлиёт, махсусан нақлиёти мусофирбар ва роҳи оҳан шароити мусоид муҳайё гардад.
Дар Тоҷикистон бо назардошти вобастагии мустақими соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ аз воридоти маҳсулоти нафтӣ, инчунин тағйирот дар сиёсати нархгузории ин маҳсулот дар ҷаҳон марҳила ба марҳила гузариши соҳаи нақлиёт аз истифодаи сӯзишвории карбогидридӣ ба барқикунонӣ мувофиқи мақсад аст. Омили дигари ба истифодаи нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон мусоид- ин иқлими гарм аст. Иқлими сард ва ҳавои ниҳоят хунук гашти нақлиёти барқиро хеле маҳдуд менамояд, зеро қисмати назарраси энергияи захирашудаи нақлиёт барои гарм кардани ҳарорати дохили мошин сарф мешавад.
Беш аз 120 электромобил дар Тоҷикистон
Бозори нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбист ва талабот ба нақлиёти барқии инфиродӣ аз ҳисоби воридот қонеъ карда мешавад. То январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 507 ҳазору 361 адад воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо (нимядакҳо) ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 (439 972 адад воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо (нимядакҳо)) 67 389 адад ё 13 фоиз зиёд аст. Парки истифодаи нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ аз троллейбусҳо ва автобусҳо иборат буда, дар умум теъдоди онҳо 15 ҳазору 811 ададро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар пойтахт 104 троллейбус, 687 автобус ва 1 электробус ба қайд гирифта шудаанд.
Таҳлилҳои муқоисавӣ бозгӯи онанд, ки дар Тоҷикистон аз шумораи умумии 444 ҳазору 905 нақлиёти сабукрав зиёда аз 120 адади онро нақлиёти барқӣ (0,027) ташкил медиҳад.
Мошинҳои сабукрави барқӣ дар доираи татбиқи сиёсати ҳукумати мамлакат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва лоиҳаи «шаҳри сабз» бо иқдоми шаҳрдории Душанбе оварда шудаанд. Аз ҳаҷми умумии нақлиёти автомобилии сабукрав дар Россия, ки 44,5 миллион ададро ташкил медиҳад, 8 ҳазор ададашро нақлиёти барқӣ (0,02 фоиз) ташкил медиҳад. Дар Украина аз 8,4 миллион нақлиёти автомобилии сабукрав — 24 ҳазор нақлиёти барқӣ (0,3 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти афзалият ва иқтидори бахши энергетикии кишвар рушди инфрасохтор ва афзоиши парки электробусҳо, троллейбусҳо ва мошинҳои сабукрави барқӣ дар шаҳрҳои калон мувофиқи мақсад аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз