КОРОНАВИРУС, ҶАСОРАТ ВА НАНГУ НОМУС. Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо медали «Барои мубориза бо пандемия» қадрдонӣ гардид

Декабрь 4, 2020 13:57

ДУШАНБЕ, 04.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Фелдшери шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и беморхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Ҳусейнов, ки ҳоло  донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад,  аз ҷониби Намояндагии Ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии собиқадорон «Бародарони ҷангӣ»  бо медали «Барои мубориза бо пандемия»  қадрдонӣ гардид.

Дар ин бора  Муҳаммадҷон Ҳусейнов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.  

Намояндаи «Бародарони ҷангӣ» дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Давлатов  ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон   рафта, дар  вазъияти тантанавӣ медалро ба Муҳаммадҷон Ҳусейнов супорид. Зимни маросим иброз гардид, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо ин гуна медал сарфароз гардонида мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки   номи ин табиби ҷавон аввали моҳи май пас аз як муроҷиати видеоияш, ки  аз табибони ҳозиқу меҳрубон ва ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз духтуроне интиқод карда буд, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намудаанд, вирди забонҳо гардид.

18 августи соли 2020 зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустии мамлакат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳншавӣ ва пайомадҳои бемории сироятии нави короновирус COVID-19 андешаронӣ карда, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар муассисаҳои тиббии мамлакат махсус зикр намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватанпарварию инсондӯстӣ нишон дода, садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Дар ҷараёни ҳамин мулоқот Пешвои миллат табиби ҷавонеро дар байни аҳли толор ҷӯё шуда, пайдо карданд ва назди баландгӯяк хостанд. Эҳсос карда мешуд, ки Сарвари давлат аз муроҷиати ин табиб ба риққат омадаанд. «Ман махсус хостам ин табибро ҳатман ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ намоянд ва ба ин мулоқот даъват кунанд», — гуфтанд Пешвои миллат.

Ҳамин тариқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали «Шафқат» қадрдонӣ карда шуд. Мукофоти давлатиро Пешвои миллат шахсан ба ӯ супориданд.

Пешвои миллат дар ин мулоқот ба шахсони масъул супориш дода буданд, ки ба ин табиби ҷавон, ки дар рӯзҳои сахт аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касб нишон дод, барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ ва соҳиби манзили истиқоматию ҷои кори муносиб шудан кумак кунанд.

Имрӯз Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекунад ва   соҳиби манзили истиқоматӣ низ гардидааст.

                                             Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
                                                    АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2020 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»