Маҳмадҷон Абдулқодирзода: «Ҳар кадоми мо бояд дар хона ва коргоҳ қувваи барқро сарфакорона истифода барем»
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии мутахассисон зимистони имсола барвақттар оғоз шуда, дар қиёс ба солҳои пешин сардтар мешавад. Аз ин хотир, талабот ба қувваи барқ афзоиш меёбад, ки эҳтимол ба системаи энергетикии мамлакат сарборӣ пеш оварад. Аз ин рӯ агар ҳар кадоми мо дар хона ва коргоҳ қувваи барқро сарфакорона истифода барем, ин ба системаи энергетикӣ кумак мешавад. Аз ин хотир, аз ҳамаи соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва кормандони сарраёсат хоҳиш карда мешавад, ки барқро сарфакорона истифода баранд.
Ин матлабро сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода 18 декабр зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони соҳаи фарматсевтӣ ва кормандони сарраёсати мазкур баён намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори раёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар баробари масъалаҳои зикршуда бояд ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи зарурии доруворӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад. Махсусан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва макони зисту ҷои кор ба мардум вобаста ба пешгирии бемории COVID-19 ва риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






