Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои бонувони лаёқатманд курси омӯзишии «Зан-сарвар» ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 19 декабри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» барои мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, мутахассисони пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он курси омӯзишии такмили ихтисос «Зан-сарвар» баргузор мегардад. Курси мазкур дар ҳаҷми 48 соат давоми як ҳафта баргузор шуда, ба шунавандагон аз ҷониби олимону коршиносон, мутахассисону омӯзгорони ботаҷриба машғулиятҳо гузаронида мешавад. Дар курси такмили ихтисос, дар маҷмӯъ 56 нафар занону духтарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷалб карда шудаанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, маросими расмии ифтитоҳи курси омӯзишии такмили ихтисос бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт
Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ дар риштаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар занону бонувони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва ниҳоят, мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.
“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои занон, таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро амалӣ намуда, зимнан баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон ва рушди оила пайваста силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор медиҳад”,-афзуд М.Муинӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон қариб 30 фоизи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо занону бонувон ташкил дода, онҳо ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми намоён мегузоранд.
Дар фарҷоми курс шунавандагон пас аз супоридани санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.









«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






