Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои бонувони лаёқатманд курси омӯзишии «Зан-сарвар» ташкил намуд

Декабрь 14, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 19 декабри соли равон  дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» барои мудирони шуъба (бахшҳо), сармутахассисон, мутахассисони пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он курси омӯзишии такмили ихтисос «Зан-сарвар» баргузор мегардад. Курси мазкур  дар ҳаҷми 48 соат давоми як ҳафта  баргузор шуда, ба шунавандагон аз ҷониби олимону коршиносон, мутахассисону омӯзгорони ботаҷриба машғулиятҳо гузаронида мешавад. Дар курси такмили ихтисос, дар маҷмӯъ 56 нафар занону духтарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷалб карда шудаанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, маросими расмии ифтитоҳи курси омӯзишии такмили ихтисос бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт

Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр  кард, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ дар риштаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар занону бонувони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва ниҳоят, мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои занон, таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро амалӣ намуда, зимнан баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон ва рушди оила пайваста силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор медиҳад”,-афзуд М.Муинӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон  қариб 30 фоизи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо занону бонувон ташкил дода, онҳо  ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми намоён мегузоранд.

Дар фарҷоми курс шунавандагон пас аз супоридани санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.

Декабрь 14, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид