Маликшо Неъматзода дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба тариқи видеоконфронс доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои Конфедератсия, нақши иттифоқҳои касаба дар таҳкими шарикии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи COVID-19 ва дигар масъалаҳои ҳаракати иттифоқҳои касаба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Маликшо Неъматзода вобаста ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ, тадбирҳо ва табобати шаҳрвандон дар давраи COVID-19 ва нақши Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон сухан кард.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур Маликшо Неъматзода аъзои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба интихоб гардид.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз соли 1991, аз лаҳзаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмони мазкур мебошад.
Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Россия, Молдова, Украина, Беларус, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аъзои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба мебошанд, ки қароргоҳи асосии ин созмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷойгир мебошад.









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






