Маликшо Неъматзода дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок намуд

Декабрь 2, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба тариқи видеоконфронс доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои Конфедератсия,  нақши иттифоқҳои касаба дар таҳкими шарикии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи COVID-19 ва дигар масъалаҳои ҳаракати иттифоқҳои касаба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҷаласа раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Маликшо Неъматзода вобаста ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ, тадбирҳо ва табобати шаҳрвандон дар давраи COVID-19 ва нақши Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон сухан кард.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур Маликшо Неъматзода аъзои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба интихоб гардид.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз соли 1991, аз лаҳзаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмони мазкур мебошад.

Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Россия, Молдова, Украина, Беларус, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аъзои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба мебошанд, ки қароргоҳи асосии ин созмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷойгир мебошад.

Декабрь 2, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд