Марҳилаи дуюми Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» татбиқ мегардад

Декабрь 2, 2020 16:37

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо роҳбари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев марҳилаи дуюми Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» ва Лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулодаро таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷўии фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон» ба имзо расонид.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Марҳилаи аввали Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Япония ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шиндзо Абэ моҳи октябри соли 2015 ба имзо расонида шуда, солҳои 2015-2018 бо иштироки ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон татбиқ гардид.

Марҳилаи дуюми лоиҳа солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Туркманистон татбиқ мегардад.

Бо мақсади кумаки иловагӣ аз ҷониби Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулода таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷӯии фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон» омода гардидааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур тақвияти пойгоҳи моддию техникии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» мебошад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои мазкур кумаки бебозгашт буда, аз ҷониби Ҳукумати Япония ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ маблағгузорӣ мегарданд. Бо дарназардошти вазъияти имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳн гардидани пандемияи COVID-19 маблағҳои дар доираи лоиҳаҳо барои мамлакат пешбинигардида ҷиҳати пешгирии хатари паҳншавии малах ва зарари он ба зироати кишоварзӣ мусоидат намуда, ба таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ кумак мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Япония буда, татбиқкунандаи он Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Вазорати кишоварзӣ ҳамшарики татбиқкунандаи лоиҳа мебошад.

Декабрь 2, 2020 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд