Марҳилаи дуюми сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод оғоз мегардад

Декабрь 29, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 29.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи марҳилаи дуюми «Лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод» оғоз гардида, дар доираи он сохтмони қитъаи роҳи  Тагикамар-Нуробод, аз километри 30+217 то километри 75+600, ба ғайри он  аз  километри 72+900 то 74+303, ки шомили марҳилаи 3-юм мебошад,  пули  дарози муваққатӣ бо роҳҳои аз ду ҷониб ба пул баранда дар назар дошта шудааст.  

Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати чиноии «Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering  Company»  қарордод  ба имзо расонид.

Тавре  аз  вазорати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  санади мазкурро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати «Zhejiang Communication Constraction group. Co. Ltd. AVIC – INTC Project Engineering  Company»-и Чин Гуо Бохан имзо намуданд.

Тибқи иттилои  манбаъ лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда,  марҳилаи якуми он сохтмони 30,2 км роҳи асосии Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217 ва сохтмони нақбҳои Қандак бо дарозии 1,6 км ва Қарағоч бо дарозии 1,7 км, сохтмони  5 пули нав, таҷдиди 1 пул, сохтмони 28 истгоҳ, 14860 метри мураббаъ пиёдароҳ ва 102,5 км нишонагузории аломати роҳро дар бар мегирад.

Баъди имзои қарород Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати чиноӣ Гуо Бохан мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориро байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуд.

Азим Иброҳим изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт анҷом хоҳанд ёфт.

 

Декабрь 29, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд