Милитсияи пойтахт зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ мусодира намуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми чанд рӯзи охир милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон Мирзоев Абубакр Султонович, Ҷунайдзода Муҳаммади Мирзораҳим, солҳои таваллудашон 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будаанд. Зимни кофтуков аз номбурдагон зиёда аз 17 ҳазор маводи пиротехникӣ дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Эргашев Авазбек Икромович, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будааст.
Зимни бурдани корҳои фаврӣ-санҷишӣ аз номбурда зиёда аз 3 500 дона маводи тарфгарӣ бо номи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
Мутаассифона, баъзе ноболиғон низ даст ба хариду фурӯш ва истифодаи маводи пиротехникӣ мезананд, ки истифодаи чунин воситаҳои тарканда дар баробари халалдор сохтани осоиштагӣ, ҳамзамон ба саломатии онҳою атрофиён низ метавонад хатарнок бошад.
Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки амалу рафтори фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд то бо истифода аз маводи пиротехникӣ фазои осоиштаро дар рӯзҳои ҷашни Соли нави мелодӣ халалдор созанд.
Мутаассифона, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии водидони худ истифода бурда, ба харидану истифодаи маводи пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғуланд. Чунин рафтори ғайриқонунии онҳо боиси халалдор сохтани оромӣ ва шикояти шаҳрвандон ба мақомоти милитсия гардидааст.
Барои истифодаи воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, тадбирҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд.
Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш ҷараён дорад.








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






