Милитсияи пойтахт зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ мусодира намуд

Декабрь 10, 2020 15:04

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми чанд рӯзи охир милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира намуд.  Дар ин бора  сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон Мирзоев Абубакр Султонович, Ҷунайдзода Муҳаммади Мирзораҳим, солҳои таваллудашон 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будаанд. Зимни кофтуков аз номбурдагон зиёда аз 17 ҳазор маводи пиротехникӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Эргашев Авазбек Икромович, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будааст.
Зимни бурдани корҳои фаврӣ-санҷишӣ аз номбурда зиёда аз 3 500 дона маводи тарфгарӣ бо номи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.

Мутаассифона, баъзе ноболиғон низ даст ба хариду фурӯш ва истифодаи маводи пиротехникӣ мезананд, ки истифодаи чунин воситаҳои тарканда дар баробари халалдор сохтани осоиштагӣ, ҳамзамон ба саломатии онҳою атрофиён низ метавонад хатарнок бошад.
Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки амалу рафтори фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд то бо истифода аз маводи пиротехникӣ фазои осоиштаро дар рӯзҳои ҷашни Соли нави мелодӣ халалдор созанд.

Мутаассифона, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе  ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии водидони худ истифода бурда, ба харидану истифодаи маводи пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғуланд. Чунин рафтори ғайриқонунии онҳо боиси халалдор сохтани оромӣ ва шикояти шаҳрвандон ба мақомоти милитсия гардидааст.

Барои истифодаи воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, тадбирҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд.
Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш ҷараён дорад.

Декабрь 10, 2020 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст