Муҳаммад Икромов барои ба даст овардани медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод талош меварзад

Декабрь 18, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Белгради кишвари Сербия Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод байни калонсолон идома дорад. Дар он паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кг бо ҳунари воло натиҷаи назаррас нишон дода, имрӯз барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ  талош мекунад. Дар ин  бора сармураббии дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод Абдурозиқ Олимов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Муҳаммад Икромов дар даври интихобӣ бо намояндаи Туркия — Реҷеп Топал қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 4:2 дастболо шуд. Дар даври 1/8-ниҳоӣ ҳарифи ӯ паҳлавони немис Нико Мегерле гардид. Муҳаммад Икромов дар ин қуваозмоӣ низ зафар ёфт. Ҳисоби имтиёзҳо 6:3 ба фоидаи варзишгари тоҷик ҷамъбаст шуд.

Дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари мо Иван Гуидияро аз Руминия шикаст дода, ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ Муҳаммад аз варзишгари Озарбойҷон – Гварзатилова шикаст хӯрд.  Ҳоло Муҳаммад Икромов барои ба даст овардани нишони биринҷии Ҷоми ҷаҳон имкон дорад.

Хотиррасон мекунем, ки имрӯз ин паҳлавони  шинохтаи тоҷик  барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ вориди майдон мешавад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод бо иштироки беҳтарин варзишгарони дунё дар кишвари Сербия ҷараён дорад. Дар даври 1/8- ниҳоии вазни 70 кг варзишгари дигари  тоҷик  Мустафо Аҳмадов бо намояндаи Украина  Игор Никифорук қувва озмуд. Дар ин қуввасанҷӣ  Мустафо Аҳмадов бо ҳисоби 8:1 мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Тибқи иттилои сармураббии дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод Абдурозиқ Олимов, дастаи яккачини мамлакат бинобар мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ вобаста ба бемории Ковид-19 дар мусобиқа пурра иштирок карда натавонист.

Декабрь 18, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад