Муассисаҳои шуъбаи маорифи Ховалинг барои зимистон 1348 куб ҳезум ва зиёда аз 130 тонна ангишт захира намудаанд
ХОВАЛИНГ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои зертобеи шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг, ки иқлимаш сарду зимистонаш нисбат ба ноҳияҳои водӣ тӯлонист, ба ин мавсим омодагии ҷиддӣ гирифта, 1348 куб ҳезум ва зиёда аз 130 тонна ангишт захира намудаанд.
Ин раванд дар муассисаҳои таълимии ноҳия баръало ба чашм мерасад. Дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, ки имсол бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, дар ду баст беш аз 200 нафар хонандагон таҳсил менамоянд ва он ба шабакаи мустақими гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Барои зимистонгузаронӣ дар анбори муассиса миқдори зарурии ангишту ҳезум захира карда шудааст.
Директори МТМУ №9 Фахриддин Муъминов иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 23 ва 2 низ шишабандии биноҳо пурра анҷом ёфта, ангишту ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт захира шудаанд.
Аз сабаби он ки зимистон дар ин ноҳия сарду тӯлонӣ мебошад, кӯшиш мекунанд маводи сӯхтро бештар дастрас намоянд ва гармии биною синфхонаҳоро то охири сардиҳо нигоҳ доранд. Дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ангишту ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва дигар намуди маводи сӯхт захира карда шудаанд.
Дар баробари мактабҳои таълимӣ муассисаҳои томактабӣ ҳам ба зимистон омодагии хуб гирифтаанд. Дар муассисаи томактабии маркази ноҳия, ки 75 нафар кӯдакон дар се гурӯҳ тарбия мегиранд, ангишту ҳезум захира карда шуда, утоқҳо ва хобгоҳи он ба таври доимӣ гарм карда мешавад.
Имсол корхонаи тиллои тоҷик дар Ҷамоати деҳоти Шугнов бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як муассисаи томактабиро барои 140 нафар кӯдакон ба истифода дод, ки дар он ҳама шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Бинои муассиса бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, дар он ангишту ҳезум ба қадри кофӣ захира карда шудааст.








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






