Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар мусобиқаи RCC Boxing соҳиби медали тилло гардид

Декабрь 7, 2020 17:09

ДУШАНБЕ, 07.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Муштзани шинохтаи  тоҷик Асрор Воҳидов дар доираи мусобиқаи RCC Boxing бо намояндаи Украина Данило Савченко вориди рақобат шуд. Дар ин вохӯрии ҷолиб, ки ҳазорон мухлисон, ҳаводорон ва дилбохтагони  ин намуди зебои  варзиш ҳунари Асрор Воҳидовро тамошо ва   бо нидоҳои аҳсану офарин тарафдориаш мекарданд, ӯ ғолиб омада, медали тиллоро соҳиб гардид.   Дар ин бора аз  Федератсияи  бокси  Тоҷикистон  ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар  доданд.

Дар  ин  сабқати ҷолиб    муштзани шинохтаи  тоҷик Асрор Воҳидов аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро ба нокаут фиристонд.

Хотиррасон мекунем, ки  варзишгари шинохтаи   тоҷик Асрор Воҳидов  дар рақобати 8-уми хеш низ пирӯзии комил ба даст овард.

Декабрь 7, 2020 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд