Нашриёти «Адиб»: Дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш фурӯши китоб ҷараён дорад

Декабрь 24, 2020 11:23

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамин лаҳзаҳо дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нашриёти «Адиб»  намоиш – фурӯши китобро   баргузор намуда истодааст, ки он то соати 13:00 идома меёбад. Дар ин маъракаи фарҳангӣ бори нахуст ҷилдҳои тозанашри «Ахтарони адаб» пешниҳоди хонандагон  мегардад.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар  намоиш – фурӯш  китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ва  асарҳои ба тозагӣ нашршудаи шоирони маҳбуби тоҷик Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб,  Фарзона, Озарахш ва  Озар  пешниҳоди дӯстдорони мутолиа  мегарданд.

Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок доранд, ки  дӯстдорони мутолиа  метавонанд, дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки  дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Роҳбарияти нашриёт тасмим гирифтааст, чунин намоиш –фурӯшро  дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми  мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.

Сарвари давлат дар Паёмашон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «…аз соли 2007 то соли 2019  38 ҷилди китоби «Ахтарони адаб» 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриёт боқӣ мондааст».

Вобаста ба ин Пешвои миллат  ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Декабрь 24, 2020 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид