ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад

Декабрь 24, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10-15 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  30-35 ва рӯзона то 9-14  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар ноҳияҳо  туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5  дараҷа хунук ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол   аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   9+11 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 24, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст