ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Декабрь 23, 2020 08:06

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи  иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 11-16 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  22-27, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 ва рӯзона то 10-15  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилави дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо  туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона   6+8 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 23, 2020 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шуруъ аз 18 феврал сокинони Тоҷикистон 16 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин мегарданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад