Ғолибони Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ муайян шуданд

Декабрь 15, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ  дар  сатҳи баланд баргузор шуд. Дар чемпионат 60 нафар варзишгарон дар ҳайати 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд. Дар ин бора аз  Федератсияи шиноварии Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд

Дар маросими кушодашавии чемпионат намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва Федератсияи шиноварӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чемпионати мазкур омодасозии шиноварони тоҷик ҷиҳати ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон ва такмили маҳорату малакаи варзишии онҳо мебошад.Чемпионати кушоди шиноварӣ аз рӯи намудҳои шинои тарзи озод, пуштнокӣ, баттерфлай ва брасс дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр байни писарон ва духтарон сурат гирифта, ғолибону ҷоизадорон тариқи зайл муайян гардиданд:

Тарзи озод, 50 метр
Писарон:
1. Ишанов Олимҷон
2. Гадоев Ардашер
3. Звонников Григорий

Духтарон:
1. Бордачёва Екатерина
2. Тюрина Анастасия
3. Климик Карина

Тарзи озод, 100 метр
Писарон:
1. Гадоев Ардашер
2. Звонников Григорий

Духтарон:
1. Холиқова Эмилия
2. Забалуева Евгения
3. Раҳмонова Марям

Тарзи озод, 200 метр
Писарон:
1. Каримов Темур
2. Туйчиев Азамат
3. Ташрипов Кароматулло

Пуштнокӣ, 50 метр
Писарон:
1. Исматзода Умедҷон
2. Тилкович Захар
3. Ҷаҳонов Исфандиёр

Пуштнокӣ, 100 метр
Писарон:
1. Исломзода Умедҷон
2. Орипов Фарҳод
3. Қодиров Фирдавс

Парвона, 50 метр
Писарон:
1. Мадхамов Фахриддин
2. Рамзиёрзода Саддам
3. Набиев Акрам

Духтарон:
1. Тюрина Анастасия
2. Бордачёва Екатерина
3. Забалтсева Евгения

Парвона, 100 метр
Писарон:
1. Мадхамов Фахриддин
2. Туйчиев Азамат
3. Набиев Акрам

Брасс, 50 метр
Писарон:
1. Хоркашов Рамзиёр
2. Баротов Шоҳрух
3. Гадоев Шуҳрат

Духтарон:
1. Климик Карина
2. Султонова Нозанин
3. Холиқова Эмилия

Брасс, 100 метр
Писарон:
1. Баротов Шоҳрух
2. Самиев Абдулло
3. Гадоев Шӯҳрат

Дар ҳисоби даставӣ ҷойи якумро варзишгарони дастаи Душанбе-1, ҷойи дуюмро дастаи Душанбе-2 ва ҷойи сеюмро дастаи Суғд ишғол намуданд.

Хотиррасон  мешавем,ки  ғолибон бо медал, ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Декабрь 15, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад