Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон насиби дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ гардид
ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26-солагии таъсиси ҲХДТ байни кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд гузаронида шуд.
Тавре аз КИМ ҲХДТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дар фарҷом дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо дастаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар бозии финалӣ барои ба даст овардани Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сабқат анҷом доданд. Дар натиҷа, бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ анҷом пазируфт.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур тӯли як ҳафта идома ёфта, 18 декабр ба анҷом расид. Ҷойи якум насиби дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ шуда, ҷойи дуюмро дастаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро дастаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба даст оварданд.
Дар мусобиқа Зоҳир Ҳабибзода “Беҳтарин сардори даста”, Тоҷиддин Тағоев — “Сардовари беҳтарин”, Фаррух Аловиддинов – “Мураббии беҳтарин”, Ибодулло Тоҳиров– “Нишонзани беҳтарин”, Шавкат Латипов– “Нимҳимоятгари беҳтарин”, Фирдавс Мирзоев– “Дарвозабони беҳтарин” ва Абдулфайз Шамсов “Бозингари беҳтарин” дониста шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар соли 2016 Дилшод Назаров, директори телевизиони “Варзиш” Парвиз Нориён ва дигар шахсиятҳои маъруф иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ ҳамаи варзишгарон ва ҳозиринро ба муносибати 26-солагии таъсиси ҲХДТ табрик гуфта, зикр намуд, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дарёфти варзишгарони ин намуди варзиш гузаронида шуд.
Дар бозиҳои доиршуда футболбозони дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ, аз ҷумла, ҳамлагари даста Ибодуллои Тоҳир, нимҳимоятгар Шаҳобиддини Ёқубзод, дарвозабон Зоҳир Ҳабибзода ва ҳимоятгар Изатуллои Ҳабибзод худро ҳамчун футболбози беҳтарин муаррифӣ намуда, тавонистанд ғолибияти дастаи дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд ба ғолибон Ҷом, медал, диплом, тӯб ва мукофоти пулии Кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”









Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






