Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Москва иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 декабр дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Москваи Россия Ҷоми ҷаҳонии самбо ба ёдбуди Анатолий Харлампиев-2020 баргузор мешавад, ки дар он 11 нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик ширкат меварзанд. Ҳафт нафари онҳо — Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат менамоянд. Чор нафари дигар — Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи самбои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Ба далели пандемияи Covid-19 мусобиқа бе ҳузури тамошобинон доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон — Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.
Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо — Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) — бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






