Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз-2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал мулоқот намуданд

Декабрь 9, 2020 16:24

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз — 2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки ба  Тоҷикистон  бо сафари корӣ ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба вусъати ҳамкорӣ  байни сохторҳои варзишии ду мамлакат, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  ҳавасмандӣ  зоҳир намуданд.

Дар рафти музокирот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 дар Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни мулоқот, инчунин ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн мароқ зоҳир намуданд.

Декабрь 9, 2020 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд