Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Чунин иброз намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки дирӯз, 9 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳлили вазъи бозори дохилӣ ибрози ақида намуда, ба масъулин оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин робита, кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муваззаф гардиданд, ки қонунгузории кишварро дар самти инҳисорӣ, иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани масъулияти мақомоти ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






