РОҒУН — АРСАИ НОМУСУ НАНГ. Китоби собиқадори матбуот Самандари Искандар ба нашр расид, ки ба корномаи сохтмони бузурги аср бахшида шудааст

Декабрь 17, 2020 16:03

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мо, нависандагону рӯзноманигорон одати аҷибе дорем:  навиштаҳои худро бо гузашти вақт ва  кӯшиши зиёд дар як ҷо ҷамъ оварда, дар шакли китоб ба хонандагон пешкаш мекунем. Китоб ба хонанда писанд меафтад ё не, ин масъалаи дигар аст. Ба ҳар ҳол, ба нашр расондани китоб  ва ба таваҷҷуҳи одамон  пешниҳод намудани он кори хайр ва савоб аст. Чуноне ки ҳамкасби гиромии мо Самандари Искандар матлаби фаровонеро дар бораи бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун — аз оғози ин Кохи нур то ба ҳол  дар ин китоб ҷамъ овардааст, мояи ифтихори бузург мебошад.

Ростӣ,  кас ба қаламфарсоӣ, боҳавсалагӣ  ва меҳнатдӯстии як қаламкаш, ба мисли Самандари Искандар, ки  қалбаш бо набзи Ватан ҳампо метапад, шинос шуда, бетафовут буда наметавонад. Ин аст дӯстдории Ватан, заҳмат кашиданҳо баҳри  шукуфоии он.

Унвони китоб «Роғун арсаи ному нанг» басо рамзист, зеро Самандари Искандар бо Роғун пайванди маънавӣ дорад. Замоне ки бунёди НБО «Роғун» тарҳрезӣ мегардид, ӯ хабарнигори баркамолу боғайрати  рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») буд ва  мақолаҳояш дар саҳифаҳои он  ба табъ мерасиданд. Соли 2002  ман сармуҳаррири ҳафтавори «Минбари халқ» таъйин шуда,  рӯзноманигори  шинохта ва марди хеле хоксор  Самандари Искандарро   ба кор даъват намудам. Медонистам, ки мавсуф дар навиштани мақолаҳои проблемавӣ ва таҳлилӣ дасти тавоно дорад. Азбаски Самандари Искандар ба чаҳор гӯшаи мамлакати азизамон шиносоии комил дошт, вазифаи мухбири минтақавӣ (гурӯҳи навоҳии Рашт ва тобеи ҷумҳурӣ)-ро ба дӯш гирифт. Дар он шабу рӯзҳо эҳёи дубораи сохтмони НБО «Роғун» оғоз шуда буд ва мухбири махсусу  ботаҷрибаи мо аз рафти бозсозии ин сохтмони ба ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим мавод таҳия менамуд. Аксари мақолаҳое, ки дар саҳифаҳои «Минбари халқ» дар бораи сохтмони НБО «Роғун» бо имзои Самандари Искандар чоп мешуданд, миёни хонандагон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо мекарданд.

Пайванди ногусастанӣ бо Роғун имкон додааст, ки нависанда ва рӯзномангори хушсалиқа якчанд мақолаҳои публисистӣ эҷод намояд. Дар ин навиштор, пеш аз ҳама, симо ва нақши  бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун» хеле барҷаста ифода ёфтааст.

Вақт тез мегузарад. Самандари Искандар ҳафт сол дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» заҳмат кашид, пасон барои кор ба ҳафтавори «Омӯзгор» даъват шуд, аммо  масъалаи инъикоси сохтмони НБО «Роғун» ҳамеша дар мадди назари ин қаламкаши хастагинопазир қарор дошт.

Китоби «Роғун – арсаи номусу нанг» туҳфаи арзандаест ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои «Бозтоби замон», «Раҳовард», «Ғаюр Сафаров: ба Ватанам сарсабзӣ мехоҳам» ва ғайра мебошад.

                                                                               Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»,
нависанда, рӯзноманигор,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ

Декабрь 17, 2020 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад