Рустами Эмомалӣ аз нав ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд

Декабрь 16, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки  дар он Рустами Эмомалӣ ба муҳлати нави чорсола ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» доир гардид.

Пас аз суханронии муқаддимавии президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва интихоби мақомоти кории конфронс фаъолияти Федератсия дар солҳои 2016-2019  дар шакли филм пешкаши иштирокчиён гардонда шуд, ки пурра бозгўи комёбӣ ва натиҷаҳои фаъолияти Федератсияи футболи мамлакат буд.

Дар ҷамъомад раиси кумитаи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фарҳод Сайфиддинов оид ба фаъолияти молиявии ФФТ  дар чор соли охир ҳисобот дод.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҳайати намояндагони конфронсро бо тағйироту иловаҳои ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон воридгардида шинос намуд.

Тибқи рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ, номзади ягона Рустами Эмомалӣ ба муҳлати нави чорсола ба вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз нав интихоб гардиданд.

Президенти тозаинтихоби ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайати иштирокчиёни конфронс барои боварӣ ва эътимодашон изҳори сипос  намуданд.

«Сарраввал мехоҳам ба ҷомеаи футболи Тоҷикистон барои эҳтирому бовариашон арзи сипос намоям. Вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар уҳда доштан бароям масъулияти бузург аст. Итминон дорам, нафароне, ки футбол барояшон арзиши бузург дорад, боз ҳам дучанд заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи футболи мамлакат  саҳми муносиб мегузоранд. Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар барои дастгириятон ташаккур мегўям», –изҳор доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда,  дар ин замина таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ,  алахусус футболро такозо намуданд.

Бо пешниҳоди президенти тозаинтихоби ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ  Хуршед Мирзо ноиби аввал, Дилшод Ҷўразода ва Алишер Урунов ноибони президенти ФФТ ба муҳлати нави чорсола интихоб шуданд. Ҳамзамон ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба муҳлати чор сол интихоб гардид.

Мувофиқи таҳрири нави Оинномаи  Кумитаи иҷроияи ФФТ понздаҳ аъзои кумита интихоб гардиданд. Ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ноибони президент Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷўразода, Алишер Урунов ва ҳамчунин Шоҳрух Саидзода, Аҳтам Абдуллозода, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов, Фатҳулло Ҷалилов, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбонзода Ҳаким, Анваршо Мирзоев, Абдулло Раҳмонзода, Шариф Назаров  ва Нурҷаҳон Исмоилзода шомил гардиданд.

АКСҲО аз ФФТ

Декабрь 16, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид