Самбочии ҷавон Алимуҳаммад Алиев дар Ҷоми ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ гардид

Декабрь 19, 2020 09:23

ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду рӯз инҷониб дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Москваи Россия   Ҷоми ҷаҳонии самбо ба   ёдбуди Анатолий Харлампиев-2020 ҷараён дорад, ки дар он 11 нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик ширкат доранд. Ҳафт нафари онҳо-Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алиев Алимуҳаммад (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат менамоянд. Чор нафари дигар — Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок мекунанд.

Бояд зикр кард, ки  18 декабр дар вазни то 57 кг ду самбочии тоҷик Ардашер Исмоилов ва Алиев Алимуҳаммад барои медали биринҷӣ байни ҳамдигар рақобат намуданд, ки дар натиҷа Алимуҳаммад Алиев бо натиҷаи 6:0 пирӯз шуда, барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии самбо гардид.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешаванд. Ба далели пандемияи Covid-19 мусобиқа бе ҳузури тамошобинон доир мегардад.

Декабрь 19, 2020 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад