Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд

Декабрь 21, 2020 19:26

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ба Ҷумҳуриии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни ду давлати дӯст фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Таъкид гардид, ки густариш ва тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, байни ин ду давлат қариб 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар 9 моҳи соли 2020 мубодилаи молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Афғонистон 56,5 миллион долларро ташкил намуд.

Декабрь 21, 2020 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд