Шабгардӣ ва дар нуқтаҳои бозиҳои саргармкунанда қарор доштани ноболиғон – ин мавзӯъро кормандони милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ карданд

Декабрь 14, 2020 09:21

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои ғайриқонунӣ  дар байни наврасон дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров ва маҳаллаи Сталинскийи ноҳия ҷамъомади мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд. Зимни ҷамъомад мавзӯи шабгардӣ, оворагардӣ, дар соатҳои дарсӣ ва   дар бевақтии шаб дар нуқтаҳои бозиҳои саргармкунанда қарор доштани ноболиғон, инчунин  аз беназоратии волидон даст ба амалҳои номатлуб  задани наврасон   мавриди таҳлилу баррасии  кормандони  милитсия бо  сокинони шаҳраку маҳаллаи зикршуда   қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки меъёру талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро на ҳама волидон риоя мекунанд. Дар вақту соати маҳдудгардида кормандони милитсия ноболиғонро аз нуқтаҳои саққобозӣ ва марказҳои бозиҳои компютерии ҳудуди шаҳраки Ғафуров ва маҳаллаи Сталинскийи ноҳия берун оварданд. Соҳибкорон дидаву дониста иҷозат додаанд, ки ноболиғон ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ ё саққобозӣ машғул шаванд.

Новобаста аз он ки чунин санҷишҳо мунтазам гузаронида мешаванд, боз бемасъулиятии 14 нафар волидайни дар тарбияи фарзанд бепарво ошкор гардид. Аз 14 нафар ноболиғи дар бевақтии шаб аз назорати падару модар дур монда 5 нафарашон ҷойе таҳсил намекунанд, ду нафар хонандагони МТМУ №36, мактаби хонандагони болаёқат ва Коллеҷи техникии ҷамоати деҳоти Хистеварз ва се нафари дигар муҳассилини мактабҳои №18, 83 ва Гимназияи ноҳияи Б.Ғафуров будаанд. Бар замми ин, зимни санҷиш аз як нафар ноболиғи дар маркази бозиҳои компютерии ҳудуди маҳаллаи Сталинский қарор дошта силоҳи ба таври косибӣ сохташудаи ҷароҳатрасонанда, ба истилоҳ «Кастет» дарёфт гардид.

Вобаста ба далелҳои ошкоргардида, масъулини кор бо ноболиғони мақомоти милитсияи ноҳияи Б.Ғафуров бо ҳуқуқвайронкунандагон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамчунин санади маъмурӣ тартиб доданд.

Декабрь 14, 2020 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад