Шурӯъ аз имрӯз Ситоди ягонаи ҷумҳуриявии намояндагони сохторҳои қудратӣ ба кор оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 декабр Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз менамояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода 9 декабр ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.
Зимни ҷаласа ҷиҳати аз 10 декабр бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ибрози назар карда шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ созмон ёфт.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






