Соли 2021 бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Фонди олимпӣ таъсис дода мешавад

Декабрь 29, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 бо дастури Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фонди олимпӣ таъсис дода мешавад. Инчунин дар шаҳри Душанбе як толори варзишии болопӯшида, дар ноҳияи Вахш базаи қайиқронӣ сохта шуда, инчунин барои федератсияҳои варзишӣ грант ҷудо  мегардад.

Дар ин бора дар  ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ва Аҳтам Абдуллозода  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истнод ба  Хадамоти матбуоти КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар  ҷаласа ҳисоботи муовини Президенти Кумита дар давраи солҳои 2019-2020, инчунин  Комиссияи назорату тафтишот шунида шуда, нақшаи кор,  буҷет дар соли 2021, Оиннома дар таҳрири нав ва Қоидаҳои зидди допингии  Кумита тасдиқ гардиданд.

Дар ҳисобот таъкид шуд, ки моҳи апрели соли 2019 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо роҳбарони КМО ва намояндагони соҳаи варзиши як қатор кишварҳо ҷиҳати рушди муносибатҳо мулоқотҳо доир гардиданд. Аз ҷумла, 17 октябри соли 2019 дар доираи баргузории 24-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Японияву  Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом дода шуданд.

Дар заминаи ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо ВТФ аз 8 то 22 июли соли 2019 дар Ҷумҳурии Корея, моҳи августи соли 2019 дастаи мунтахаби ҷудо дар шаҳри Аоморӣ, моҳи октябри 2019 ду нафар узви дастаи мунтахаби  мамлакат оид ба шиноварӣ дар Доҳаи Қатар, ду нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар шаҳри Сочии Россия ба ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд.

8-9 декабри соли 2020 президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал ба Тоҷикистон ташриф овард, ки зимни мулоқот бо роҳбарияти Кумита масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Ноиби Президенти Кумита Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода 16 декабр дар ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Маскати Уммон ширкат карданд. Дар доираи сафар муовини Президенти Кумита бо президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусайн Ал-Мусаллам, роҳбарияти кумитаҳои олимпии Арабистони Саудӣ ва Қатар мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар идома зикр гардид, ки 15 варзишгар аз дастгирии молиявӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бархурдоранд. Соли 2019 гирандагони кӯмакпулии олимпӣ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 27 медал — 11 тилло, 7 нуқра, 9 биринҷӣ ба даст оварданд. Соли 2020 бошад, ду нафар гирандаи дастгирии молиявии олимпӣ – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс дар мусобиқаи интихобӣ дар шаҳри Аммони Урдун роҳхати Бозиҳои олимпиро сазовор шуданд.

Дар доираи Барномаи қитъавии дастгирии молиявии варзишгарон соли 2019 12 варзишгар аз рӯи 6 намуди варзиш ба 12 мусобиқаи байналмилалии литсензионӣ сафарбар гардиданд. Соли 2020 бошад, 3 варзишгар аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ба Чемпионати Осиё сафарбар гардиданд, ки дар натиҷа Муҳаммад Икромов дар вазни 61кг медали нуқра ва Искандари Рустам дар вазни 97кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, барои дастаҳои мунтахаби ҷудо ва таеквондо ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ гузаронида шуда, таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ харидорӣ ва ба федератсияҳои варзишӣ тақсим карда шуд.

Дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022, ки аз моҳи ноябри соли 2019 шурӯъ гардид, то моҳи феврали соли 2022 ду варзишгар аз намуди лижаронӣ Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов ҳар моҳ 1500-долларӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд, ки барои иштирок дар мусобиқаҳо ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, тамрин ва хизматрасонии тиббӣ (формакология) пешбинӣ шудааст.

Дар доираи дигар барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ давоми солҳои 2019-2020 бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ 5 курси омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиёни қайиқронӣ, дзюдо, таеквондо, тенниси рӯи миз бо ҷалби беш аз 100 нафар, 13 курси омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиш дар 12 шаҳру ноҳияи кишвар бо ҷалби 270 нафар, 166 семинари омӯзишӣ-маърифатӣ оид ба допинг бо ҷалби 6920 нафар, семинари омӯзишӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ оид ба омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалби ҳудуди 10000 хонанда, 6 семинари омӯзишӣ барои 14 нафар намояндаи Кумита ва федератсияҳои миллӣ барои навиштани корҳои илмӣ дар соҳаи варзиш, 4 семинари омӯзишӣ бо намояндагони мактабҳои варзишӣ ва федератсияҳои миллӣ ҷиҳати ташкил ва баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар, 5 семинари омӯзишӣ ва 3 мусобиқаи варзишӣ дар доираи барномаи устуворӣ дар варзиш бо ҷалби ҳудуди 200 нафар, семинарҳои омӯзишӣ барои масъулон, мураббиён ва доварони федератсияҳои каратэ-до ва камонварӣ ҷиҳати рушди ин намудҳо, ҳамчунин таъмини ин федератсияҳо бо таҷҳизоти варзишӣ, 6 семинари омӯзишӣ оид ба баробарии гендерӣ бо ҷалби 120 нафар, 5 семинари комиссияи варзишгарон дар 5 шаҳру ноҳия бо ҷалби беш аз 100 нафар ташкил ва баргузор карда шуданд. Дар доираи барномаҳо дастурамалҳо чоп ва тақсим гардиданд.

Соли 2020 бо маблағгузории Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат, муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов дар пойтахт таъмир карда шуда, соли 2019  бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё дар ноҳияи Рашт майдончаи муосири варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар доираи Барномаи варзиш барои рушди иҷтимоӣ 14 март дар ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, аз ҷумла дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд, ки дар онҳо 143404 нафар (38292 нафараш бонувон) иштирок карданд. 23 июн бошад, ба ифтихори Рӯзи олимпӣ 53 нафар собиқадори соҳаи варзиш ва варзишгарони маъруфи кишвар аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Инчунин, дар боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт аксияи таблиғоти олимпизм доир гашт, ки ба боздидкунандагон маводи таблиғотии Рӯзи олимпӣ дар шакли брошюра тақсим карда шуд. Умуман, ба чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ 143977 нафар ҷалб гардиданд.

Инчунин, дар доираи барнома лоиҳаи ҷадид таҳти унвони «Варзиш барои ҳама» амалӣ гардид, ки 5619 нафарро (2011 зан) фаро гирифт. Дар доираи лоиҳаи мазкур мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, варзиши сабук, гӯштини миллӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд. Ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои молиявии Кумитаи миллии олимпӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба иштирокчиён маводи таблиғотӣ дар шакли брошюра тақсим карда шуд.

Кумита дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 16 ҷаласаи Гурӯҳи кории «Роҳ ба сӯи Токио»-ро баргузор намуд, ки масъалаҳои омодагии дастаҳои мунтахаб, иштироки онҳо дар мусобиқаҳои интихобӣ ва дигар масъалаҳои марбут муҳокимаву баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки соли 2020 барои ҷомеаи ҷаҳон, хусусан соҳаи варзиши ҷаҳонӣ соли вазнин буд. Пандемияи коронавирус ба соҳаи варзиш таъсир расонид, ки дар натиҷа Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 гузаронида шуд. Ҳамчунин, бисёр мусобиқаҳои дигари варзишӣ ё барҳам дода шуданд, ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Бо мақсади ҳимояи саломатии варзишгарон аз моҳи май то августи соли 2020 мактабҳо ва толорҳои варзишӣ кор намекарданд, вале варзишгарон дар шароити хона тамринҳояшонро идома доданд. Бо ин мақсад Кумита тавассути федератсияҳо варзишгаронро бо таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ таъмин намуд.

Ҳамчунин, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Ҳамбастагии олимпӣ ба хотири пешгирии коронавирус барои Кумита 25000 доллар ҷудо кард, ки маблағи мазкур барои харидории таҷҳизоти варзишӣ ва сафарбар кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ хароҷот мешавад.

Зикр  шуд, ки дастгирии варзишгарон афзалияти кори Кумита мебошад ва соли 2021 як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Пас аз муҳокима ва баррасӣ бо ҷонибдории аъзои Ассамблеяи генералӣ Оинномаи Кумита дар таҳрири нав, Қоидаҳои зидди допинги Кумита, Нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита дар соли 2021 тасдиқ карда шуда, вобаста ба масъалаҳо тибқи рӯзномаи ҷаласа қарорҳо қабул гардиданд.

АКСҲО аз КМО Тоҷикистон

Декабрь 29, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP-2024». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бо дастаи Филиппин вомехӯрад
Дар Рӯшон майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2024» бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2024 иштирок мекунанд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Сup 2024» дар Тайиланд иштирок мекунад
Дар Тоҷикистон барои рушди варзиши камонварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродӣ муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи чоруми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа муайян гардиданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид