Соли 2021 Париж мизбони Форуми сармоягузории Тоҷикистону Франсия мегардад

Декабрь 31, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 31.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар Парижбаргузории  Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар назар дошта шуда, ҳамзамон ҳайати сармоягузорони Франсия  бо мақсади  омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Ин масъала дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ гардид.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  дар мулоқоти мазкур  масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус ҷалби сармояи мустақим аз Франсия  ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар матраҳ гардиданд.

Саъдӣ Қодирзода ба Сафири Франсия  доир ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот дод. Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар самти сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак табодули назар намуда, ба мувофиқа расиданд.

Декабрь 31, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад