Соли Нави мелодии 2021-ро бо аҳли хонавода ҷашн мегирем
ДУШАНБЕ, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ қарор қабул намуд, ки гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла гузоштани арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳо ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шудааст. Инчунин сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳунармандони Сирк ва театрҳо барномаҳои фарҳанги худро баъд аз 2 январи соли нав бо риояҳои қойидаҳои беҳдоштӣ пешкаши тамошобинон менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз бори аввал аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Соли нави мелодӣ арчаҳои солинавӣ гузошта намешаванд ва баргузории ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ ва шабнишиниҳо манъ гардидаанд. Тоҷикистониён мисли аксар сокинони сайёра Соли нави мелодии 2021 –ро дар доираи оила таҷлил менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2019 Арчаи сабзу зебое, ки бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороишот дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зеб дода шуда буд, ба рейтинги даҳгонаи баландтарин ва асоситарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ашқобод (40 метр), Ереван (37 м), Тошканд (36 м), Боку (34 м), Минск (30 м), Душанбе (29 м), Москва ( 27 м), Бишкек (27 м), Нур-Султон (25 м) ва Кишинёв (20 м) шомил шуд. Баландии арчаи асосии солинавии Тоҷикистон 29 метрро ташкил медод.
Фолклоршиноси тоҷик, номзади илми филология Дилшод Раҳимӣ иброз дошт, ки «вазъияти имрӯз ба амаломада тақозо менамояд мо барои солимии худ ва аҳли хонавода, дар маҷъмӯ баҳри солимии ҷомеа ва миллат қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуда, аз чорабиниҳои оммавӣ, ки манбаи сироят буда метавонанд, дурӣ ҷуста, Соли нави мелодиро бо аҳли хонавода, бо ибрози муҳаббат, тақдим туҳфа ба онҳо таҷлил намоем, ки он хотирмонтар хоҳад буд».









Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард






