ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 2, 2020 08:00

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо карданд.

***

4 сол пеш, 2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти номи рамзии «Салом алейкум, халқҳои ҳамеша дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон!» намоиш баргузор гардид.

2 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди  ғуломдорӣ.

***

Дар Россия- Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Мянма- иди миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 декабри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия машварати коршиносони тоҷику рус оид ба муҳокимаи созишномаҳо дар самти муҳоҷират баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои санъати тасвирӣ муҳокима шуданд.

***

2 декабри соли 1870 Рим пойтахти Шоҳигарии Италия эълон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар натиҷаи ба садама дучор шудани ҳавопаймои Ту-154 дар наздикии шаҳри Ал-Байдаи Лубнон қариб 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

2 декабри соли 2010 дар  iPhone мессенҷери Viber кушода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали МуттаҳидЮНЕСКО ворид гардид.

***

Соли 1971 аввалин маротиба дар рӯйи сайёраи Марс дастгоҳи «Марс-3» фуруд омадааст.

Декабрь 2, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш