Тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар аз Россия ба Тоҷикистон баргаштаанд
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 90,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба ватан баргаштанд. Соли равон 129 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Россия рафтаанд. «То имрӯз 90 333 муҳоҷири меҳнатӣ тавассути парвозҳои чартерӣ ба кишвар баргаштанд», — изҳор намудааст муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслишо Нодиршоев ба АИ «Авесто».
Ба гуфтаи А. Нодиршоев, аз ҷумлаи онҳо 74171 нафар мардҳо ва 16162 нафар занҳо мебошанд. А. Нодиршоев таъкид кард, ки пандемияи коронавирус ба раванди муҳоҷират таъсир кардааст. «Агар ба солҳои гузашта назар андозем, мебинем, ки ҳар сол тақрибан 500 ҳазор нафар аз мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, аммо соли 2020 ҳамагӣ 129 ҳазор нафар — 112 ҳазору 927 мард ва 16 ҳазору 880 зан ба Россия рафтаанд», — зикр намуд мусоҳиб.
Аз гуфтаи ӯ, аксари кулли муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба Федератсияи Россия мераванд. “То 90% муҳоҷирони мо ба Россия мераванд. 10% -и боқимонда барои кор ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд», — гуфт А. Нодиршоев. Мутобиқи нақшаи кории хадамоти муҳоҷират, дар мамлакат нуқтаҳои машваратӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудаанд, ки муҳоҷирони бозгаштаро бо кор таъмин мекунанд.
«Ба ин нуқтаҳо беш аз 23 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд. Муҳоҷирони баргашта бо се роҳ бо мо тамос мегиранд: шифоҳӣ, хаттӣ ва телефонӣ. Мо категорияи онҳоро муайян мекунем, то бидонем, ки вуруди чанд муҳоҷир ба Федератсияи Россия манъ аст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, то 31 июли соли равон вуруди тақрибан 286 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба қаламрави Россия манъ шудааст», — иброз намуд А. Нодиршоев ва илова кард, ки «бо ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ ташкил кунем».
А. Нодиршоев таъкид кард, ки ҳангоми бо кор таъминкунӣ дар дохили ҷумурӣ, афзалият ба шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан дар бахши сохтмон дода мешавад.
«Имрӯз дар мамлакати мо 267 ширкати сохтмонӣ фаъолият дошта, дар онҳо 34 528 нафар сокинони маҳаллӣ кор мекунанд, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ аз 4000 нафар зиёд аст», — хулоса кард А. Нодиршоев.
АКСИ АИ «Авесто»








ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид






