Вакилон Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд

Декабрь 24, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз суханронии   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  17 марти соли 2020 дар оғози иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум оид ба самтҳои такмили қонунгузории  мамлакат  вобаста ба талаботи замони муосир  таҳия гардида,  масъалаҳои ҳифз ва истифодаи захираҳои генетики Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин матлабро  имрӯз дар ҳамоиш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд.

Ҳамоиши мазкур дар Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир шуда, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок  намуданд

Зимни  муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур  ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов маърӯза намуда, оид ба раванди эҷоди қонун, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи он  ва таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва генетикии растаниҳо пешниҳод шудааст, ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш, аз ҷониби вакилони мардумӣ ва олимону мутахассисон аснои муҳокимарониҳо перомуни такмили лоиҳаи қонун таклифу пешниҳодҳои судманд  пешниҳод  гардид.

Декабрь 24, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид