Вакилон Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 марти соли 2020 дар оғози иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум оид ба самтҳои такмили қонунгузории мамлакат вобаста ба талаботи замони муосир таҳия гардида, масъалаҳои ҳифз ва истифодаи захираҳои генетики Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин матлабро имрӯз дар ҳамоиш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд.
Ҳамоиши мазкур дар Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир шуда, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд
Зимни муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов маърӯза намуда, оид ба раванди эҷоди қонун, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи он ва таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва генетикии растаниҳо пешниҳод шудааст, ибрози андеша намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, аз ҷониби вакилони мардумӣ ва олимону мутахассисон аснои муҳокимарониҳо перомуни такмили лоиҳаи қонун таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод гардид.








Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






