Вазири нақлиёт роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳо эҳтиёткор бошанд
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар вохӯрӣ бо масъулин ва кормандони соҳаи роҳдорӣ -сардорон ва мутасаддиёни идораҳои хоҷагии роҳҳо, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ва дигар масъулини соҳа таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои масъулиятталаб ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
-Зеро, афзудааст вазир,-роҳҳо пайвандгари минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, баҳри ба давлати транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори транзитгузаронии он чун яке аз ҳадафҳои рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пазируфта шудааст.
Зикр гардид, ки назар ба бунёду таҷдиди роҳҳо нигоҳдории онҳо мушкилтар аст, аз ин лиҳоз роҳсозонро зарур аст софдилона ва бо виҷдони пок вазифаҳои бардӯшдоштаро иҷро намоянд, зеро роҳҳо бо маблағҳои ҳангуфт ва машаққати зиёд сохтаву ба истифода дода мешаванд. Дар ин росто, Вазири нақлиёт роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳои барои таъмиру нигоҳдорӣ ҷудогардида эҳтиёткор бошанд, ба қонуншиканиву хунукназарӣ роҳ надиҳанд, ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро тавассути роҳҳои мамлакат таъмин намоянд ва новобаста аз барфу борон роҳҳо бояд боз бошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шуҷоат Сироҷзода ва сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт Аловиддин Аноятшоев оид ба омодагии муассисаҳо ва корхонаҳои роҳдорӣ ба зимистон ва фаъолияти соҳаи нақлиёт дар 10 моҳи соли равон гузориш доданд.
Акс аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






